АҲД ВА МИСОҚ (#14640)

Рабби ва Раҷои! Аййид аҳиббоака алос–субути ало Мисоқикал – Азими вал –истиқомати фӣ Амрикал – мубини вал – амали бимо амартаҳум фӣ Китобикал – мунири ҳатто якуну аъломул–ҳудо ва суруҷул–аъло ва янобиъул – ҳикматил – кубро ва нуҷумул –ҳудо фӣ уфуқил – уло. Иннака Антал – Қавийюл – Муқтадирул – Қадир.

*(Эй Худои ман ва Умеди ман! Дӯстонатро таъйид фармо, то дар Паймони Азимат устувор бимонанд ва дар Амри мубинат мустақим ва пойдор ва он чиро дар Китоби мунират амр фармудаӣ, амал намоянд, то ин ки аъломи роҳнамо ва чароғҳои боло ва сарчашмаҳои хиради воло ва ситораҳои ҳидоят дар уфуқи азамат гарданд. Туӣ Қавӣ, Муқтадир ва Тавоно.)

-Bahá'u'lláh
-----------------------

АҲД ВА МИСОҚ (#15671)

Эй Худои ман ва Умеди Дустонатро таъйид   фармо, то дар Паймони азимат устувор бимонанд ва дар Амри мубинат мустақим ва пойдор ва он чиро дар Китоби мунират амр фармудаӣ, амал намоянд, то ин ки аъломи роҳнамо ва чароғҳои боло сарчашмаҳои хиради воло ва ситораҳои ҳидоят дар уфуқи азамат гарданд. Туӣ Қавӣ, Муқтадир ва Тавоно.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

АҲД ВА МИСОҚ (#15672)

Уст Муқтадир ва Мухтор Эй Молики исмҳо ва Офарандаи осмонҳо Халос намо аҳибборо Аз сиҷни душманон Туӣ Султони қазо Ва Тобанда аз уфуқи офариниш Эй Асли бақо Қасам ба умри Баҳо Ноумед нанамо онҳоро Балки кумак ва ёрӣ деҳ Дар ҳақиқат Ту Ҳокими ба он чӣ хоҳӣ Ва дар қабзаи Ту олами офариниш Дандонҳои душманони Ту омодаи газидан Гушти ошиқонатро Ҳифз намо ин ҳамроҳонро Эй Молики ҳамаи инсонҳо Ва Оне Ки ҳукм мекунӣ дар Рузи Қиёмат.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

АҲД ВА МИСОҚ (#14445)

Ҳувалабҳо! Эй бандаи пурвафои Ҷамоли Қедам! Зинда ба Исми Аъзами, ранҷури балоро дигар чӣ ғаме? Амвоҷи ато ҳар як чу яме, дарёи ҷафо шабнаме, дигар чӣ ғаме? Ҳуҷуми аъдо торикии шабе, таъйиди Малакути Абҳо ҷилваи субҳдаме, дигар чӣ ғаме? Шамотати ҷуҳало чун танини магасе, ва нидои Малаи Аъло бонги фарёдрасе, дигар чӣ ғаме? Муқовимати уламо чун истиқомати пашшаи бенаво, қуввати Калиматуллоҳ чун реҳи сар– сари шадидулқуво, дигар чӣ ғаме? Сустии ноқизин чун ҳаракати мури бевафо, сатвати Мисоқ салтанати самовоти уло, дигар чӣ ғаме? Бунёди умам, бунёде бар ҳаво, асоси Амруллоҳ қасри машиди зирваи улиё, дигар чӣ ғаме? Вал– Баҳову алайк.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АҲД ВА МИСОҚ (#14446)

Ҳувалабҳо! Эй Меҳрубон Яздони ман! Маҳзи иноят рӯҳи вуҷуд дамидӣ ва хилъати ҳаёт бахшидӣ ва аз чашмаи ҳидоят нӯшонидӣ ва нидои аласт ба самъи ин абд расондӣ ва бонги Субҳона Рабби– ял– Абҳо масмӯъ фармудӣ ва дар зилли Шаҷараи Анисо маъво додӣ ва аз каъси Мисоқ нӯшонидӣ ва ба фазли махсус мухассас доштӣ ва ба фавзи азим муваффақ намудӣ. Ҳол Эй Парвардигор, ин мискинро алами мубин фармо ва ин ҳазинро дар уфуқи мунир равшан кун. Туӣ Фаззол ва Меҳрубон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АҲД ВА МИСОҚ (#14447)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин нуфус муштоқи дидоранд ва савдоиёни он зулфи мушкбор. Ҳар дам фарёде намоянд ва оҳ ва фиғоне бароранд ва истидъои инояте кунанд ва мавҳибате талабанд. Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон, ва Туӣ Раҳим ва Раҳмон, ва Туӣ Воҳиби фазли бепоён. Эй Худованди Бахшанда! Ин нуфусро собити Аҳд намо, росихи паймон кун. Мунҷазиб ба нафаҳоти тақдис намо ва мутазаккир ба оёти тавҳид кун. Машмули лаҳазоти айни раҳмоният намо ва маҷзуби ҷамоли нуроният кун. Ҳар дам таъйиди ҷадид бахш, ва дар ҳар нафас нафаси раҳмон ба машом бахш. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Доно.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АҲД ВА МИСОҚ (#14448)

Ҳувалабҳо! Эй Худои меҳрабон! Шукр Туро, ки бедор намудӣ ва ҳушёр кардӣ. Чашми бино додӣ ва гӯши шунаво эҳсон намудӣ. Ба Малакути Хеш далолат кардӣ ва ба сабили Худ ҳидоят фармудӣ. Роҳи рост бинамудӣ ва дар сафинаи наҷот даровардӣ. Худоё! Маро мустақим бидор ва собит ва росих кун. Аз имтиҳоноти шадида маҳфуз бидор, ва дар ҳисни ҳасини Аҳд ва Мисоқ масун ва маъмун фармо. Туӣ Тавоно ва Туӣ Бино ва Туӣ Шунаво. Эй Худои Меҳрабон! Диле ато кун, ки монанди зуҷоҷ ба сироҷи муҳаббатат равшан бошад ва фикре ато кун, ки ба файзи руҳонӣ ҷаҳонро гулшан намояд. Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон ва Туӣ Худованди Азимул Эҳсон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АҲД ВА МИСОҚ (#14449)

Ҳуваллоҳ! Эй Яздони беанбоз! Ниёз орем ва намоз, ки ин бандагонро ба рози Хеш дамсоз намо, ва аз овози ҳотифи Малаъи аъло мустамеъ фармо. Бар сироти Аҳд ва Паймонат собитқадам кун, ва ба зикри Ҷамоли Муборакат ҳамдам намо. Аз ҷоми аҳадиятат бинӯшон, ва аз шаҳди иноятат бичашон, ва ба фазли азими Ҷамоли Қадимат фоиз кун. Ин бандаи даргоҳатро ба боргоҳи Аҳадиятат роҳ деҳ, ва ин умедвори раҳмататро навмед магардон, ва бар паймон ва имон маҳкам ва устувор намо.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АҲД ВА МИСОҚ (#14450)

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди бемонанд! Ин ёрони мустамандро дар Аҳди Аласт собитқадам дор ва аз бодаи иноят сармаст фармо ва ба нафаҳоти алтоф муҳтаз кун ва ба мавоҳиби ин Каври муқаддас мухассас намо. Иннака Антал Каримур Раҳим.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АҲД ВА МИСОҚ (#14451)

Ҳуваллоҳ! Эй Пок Яздони ман ва Худованди меҳрабони ман! Қуввате деҳ, то муқовимати ғавоили басити замин намоем ва қудрате бахш, ки чун баҳри муҳит мавҷ бар соҳили Шарқ ва Ғарб занем.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АҲД ВА МИСОҚ (#14452)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ситоиш ва ниёиш, шукр ва парастиш Туро сазовор, ки муваффақ ва муайяд бар субут ва русух бар Аҳд ва Паймон намудӣ ва қуввати тамассук ба урватул– вусқо бахшидӣ. Ҳар пардаеро аз пеши дида даридӣ ва ҳар ҳоилеро аз сироти мустақим барандохтӣ ва мунеъеро аз мушоҳидаи нури мубин бипардохтӣ.Чашмҳо равшан фармудӣ ва собитин бар Мисоқро шамъи анҷуман кардӣ. Алами Аҳдро дар офоқи умам чунон баланд намудӣ, ки ҳар пир ва барно ва кӯдак ва бузург, ва доно ва ёр ва ағёр ва бегона ва ошно, нотавон ва тавоно маҷбур бар эътироф гаштанд, ва маҷоли инкор ба ҷиҳати нафсе боқӣ ва барқарор намонд. Пас бояд он ёрони бовафо дар ҳар он сад ҳазор шукр ба даргоҳи Аҳадиятат намоянд, ки ба ин таъйид ва тавфиқ ва истиқомат муваффақ гаштанд.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АҲД ВА МИСОҚ (#14453)

Ҳувалабҳо! Эй Бахшанда, ва Дурахшанда, ва Меҳрабон! Шукр Туро, ки шоҳроҳи ҳақиқат намудӣ ва иноят фармудӣ, ва субҳи рӯшан толеъ намудӣ ва фазли гулшани восеъ бигустурдӣ, дар зилли Шаҷараи Анисо маъво бахшидӣ, базми аласт оростӣ, аз ҷоми Мисоқ сармаст фармудӣ ва дар зумраи собитон ин дӯстонро маҳшур намудӣ. Эй Меҳрабон, Туӣ Муассиси Аҳд ва Паймон, Эй Яздон Туӣ малҷаъ ва паноҳи росихон! Эй Маннон, Туӣ музилли бехирадон ва мунтақими аз мутазалзилон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АҲД ВА МИСОҚ (#14454)

Ҳуваллоҳ! Парвардигоро, мoро мустақим бар Aмрат бидор, ва дар имтиҳон собит дар муҳаббат кун, ва дар дарёи иноятат мустағрақ дор. Туӣ Диҳанда ва Меҳрабон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

